ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
КОНСТИТУТСИЯИ
(САРҚОНУНИ)
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Б о б и н ӯҳ у м
ПРОКУРАТУРА
Моддаи 93. Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.
Моддаи 94. Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.
Моддаи 95. Прокурори генералии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад. Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Мӯҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст. Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
Моддаи 96. Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.
Моддаи 97. Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.