ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Нусратулло Махсум

Тарҷумаи ҳол  Нусратулло Махсум -- Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) – соли 1881 дар қишлоқи Чашмаи Кузи нохияи Ғарм дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози чавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми солхои 1905-07 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст.

Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ - демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад. Соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХСБ дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст. Сипас ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст. 1 декабри соли 1926 дар анҷумани якуми муассисони Шӯроҳҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх, Нусратулло Махсум, якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказӣ ҶМШС Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумхурии Иттифоқи Тоҷикистон раиси КИМ-и он интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кард. Сипас ба ихтиёри КМ ВКП (б) фиристонда шуда, дар академияи ба плангирии Москва тахсил намуд. Солҳои 1926-1930 аъзои КМ ҲК (б) Ӯзбекистон, 1930-33 аъзои бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон, 1927-34 аъзои КИМ ИҶШС буд. Ӯ бо як қатор мукофотҳои Ҷумхурии Бухоро, Ҷумхурии Ӯзбекистон, ордени байрақи Сурх, мукофонида шудааст. Соли 1937 ба гирдбоди «душмантарошӣ» афтода, 15 декабри соли 1938 ба катл расонида шудааст. Декабри соли 1958 бо қарори коллегияи ҳарбии суди Олӣ ва хулосаи прокурори генералии ИҶШС бегуноҳ бароварда шуда, 26 июли соли 1964 дар сафи ҳизби коммунистӣ аз нав барқарор гардидасст.

Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru