ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Эҳтимоли то ду баробар кам шудани шумори андозҳо

Муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Рустам Ҷабборов дар Ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки шумори андозҳо дар Тоҷикистон метавонад аз 21 то 11 шумор поин оварда шавад.

Ба гуфтаи вай, гурӯҳи корӣ қисми асосии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири навро таҳия намуда, айни замон он мавриди баррасии комиссия оид ба таҳияи кодекси нав қарор дорад. «Дар ҳуҷҷ?ат кам кардани шумори андозҳо то 11 номгӯй пешниҳод мегардад, аммо шумори андозҳои пешниҳодшуда дар қисми махсус, ки омодагӣ ба он пас аз баррасии қисми асосии лоиҳаи Кодекс оғоз мегардад, метавонад тағйир ёбад», - гуфт ӯ.

Р.Ҷабборов зикр кард, ки зимни таҳияи лоиҳаи Кодекси нави андоз мувофиқи имкон ҳамаи пешниҳодот ба эътибор гирифта мешаванд. «Дар робита ба таҳияи Кодекси нави андоз аз соҳибкорон, мақомоти андоз, созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар андозсупорандагон беш аз 800 пешниҳодоту тавсияҳо ворид шуд», - гуфт муовини раиси қумита.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов зикр кард, ки мақомоти андоз тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ки Кодекси нав ?уҷҷате гардад, ки ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҳикистон мусоидат намояд.

«Мо кӯшиш мекунем, ки лоиҳаи Кодекси нав ба ҳукумати кишвар то 1-уми апрели соли равон пешниҳод карда шавад», - гуфт Н.Давлатов.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ?укумат моҳи июни соли 2010 таҳти сарварии вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав таъсис дода шуд. Дар қарор гуфта шудааст, ки лоиҳа бояд на дертар аз 1-уми апрели соли ҷорӣ таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод гардад.
Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru