ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Садриддин Айнӣ



Тарҷумаи ҳол Садриддин Саидмуродзода Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (акнун дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Узбакистон) ба дунё омадааст. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошад. Аз ин рӯ писараш Садриддинро дар шашсолагӣ ба мадрасаи рустояшон дод.

Устод Айнӣ донишомӯзияш дар он мадрасаро дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд чузъ аз Бедил ва чанд чузъ аз газалиёти Соибро хонда дар даҳсолаги мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин дар оғуши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофии онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалтош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани кути лоямуташ у аз хеч кору захмат даст накашидааст: гох фарроши мадраса, гох ошпаз, гох чомашуй, гох мардикор буд. Дар мактаби хаёт Садриддин хаёти чамъиятро омухт. Аз табакаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатхои синфии мардум, чаллодони амир, задухурдхои дорою нодоро дониши зиндаги меомухт. Аз соли 1896 Садриддин бо тахаллуси адабии «Айни» ба навиштани шеърхои мустакилона cар кардааст.

Назари устод Айни пас аз мутолиа кардани асари Ахмади Дониш «Наводирулвакоеъ» нисбат ба сохти пусидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин чамъияти фарсуда дар дили у як нафрати нихоние пайдо шуд. Аз ин ру, дар ибтидои асри 20 устод эчодиёти идеяхои пешкадами маорифпарварон Ахмади Дониш ва Шохинро давом дода, рохи ояндаи худро муайян намуд. «Тахзибуссибён»- ро устод Айни махз ба хотири тарбияи наврасон дар рухияи муосир соли 1909 барои шогирдони мактабхои нав офарид. Чунин корхои хайр ба Амир маъкул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва уро 75 чуб мезананд. Пас аз 52 рузе, ки дар беморхона муолича мекунад, Садриддин ба Самарканд кучида меояд. У чи дар Самарканд ва чи дар Тошкент дар корхои комитети революциони иштирок карда, варака, даъватнома ва баённомахои чанги менависад, таргиботу ташвикот мебарад. Амири Бухоро аз он ки Хокимияти Шурави ба Айни пушту панох шудааст, бо тухмати алока доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда -Сирочиддинро вахшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» - и чонгудози Айни ба хамин муносибат навишта шудааст.

Хирси хунхории Амир бо ин хам каноат накарда, бародари калонии у Мухиддинхочаро низ катл менамояд. Баъди ин вокеахо калами Айни тезу бурро шуд ва ба у муяссар гардид, ки дар маколаю рисолахо, асархои таърихи ва бадеии минбаъдааш нишон дихад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амири таърихан конунист. Хамин тавр бо галабаи Инкилоби Октябр нависанда аз нав чавон шуд. Истеъдоди шоирию публисисти, насрнависию олимии устод Айни ба дарачае таракки кард, ки у аз 15 чилди куллиёташ 14 чилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эчод намудааст. Барои хизматхои адаби ва чамъиятиаш Айни бо се ордени Ленин, ду «Байраки сурхи мехнат» ва медалу грамотахо мукофотонида шудаааст. Дар сохаи илм ба у дарачаи доктори фанхои филологи бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи фанхои РСС Узбекистон такдир карда шуда буд.

Айни академики Академияи Точикистон таъин гардида буд, у нахустпрезиденти Академияи фанхои РСС Точикистон мебошад. Аз соли 1958 инчониб хар сол дар рузи таваллуди нависанда мачлиси илмии «Солонаи Айни» барпо шуда, материалхои он дар мачмуаи махсуси «Чашнномаи Айни» нашр мегарданд. Бисёр дехаву нохияхо, кучаю хиёбонхо, мактабхо номи уро гирифтанд. Бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон 8-уми сентябри соли 1997 ба устод Айни Унвони « Кахрамони Точикистон» дода шуд. Устод Садриддин Айни соли 1954 дар шахри Душанбе аз олам чашм пушид. Холо макбараи Устод Айни дар як чои хушманзараи Душанбе зиёратгохи ахли адаб аст. Он чоро хозир боги Айни мегуянд.

Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru