ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — вилояти мухторест дар кӯҳсори Помир дар шарқи ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ аст ки 525 км шарқтар аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар резишгоҳи рӯди Ғунд ба рӯди Панҷ ҷой гирифта аст ва 29,3 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.
Ҷойгоҳ
ВМКБ бо сарзамине 64,2 ҳазор км дар кӯҳсори Помир ҷойгир аст ва 44,5 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. 97 дарсад аз сарзамини ВМКБ кӯҳсор аст ва баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон — қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м), қуллаи Истиқлол (7134 м), қуллаи Корженевская (7105 м), дар ин вилоят ҷой доранд. Аз ин рӯ Бадахшонро Боми ҷаҳон низ меноманд.
Мардум
Бино бар саршумори соли 2009 аҳолии ВМКБ 220 600 кас буда аст ки 3 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 3,4 кас бар км2 аст. Аз ин шумор 29,3 ҳазор нафар (13,3 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 191,3 ҳазор нафар (86,7 дарсад) рустоист.
Мардуми Бадахшон ба забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ сухан мегӯянд.
Таърих
Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар 2 январи соли 1925 бар асоси Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби ҷумҳурии мухтори Шӯравии Тоҷикистон ташкил шуда аст.
4 августи соли 1967 аз раҳбарии Иттиҳоди Шӯравӣ барои дастовардҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ Нишони Ленин дарёфт карда аст.
Бахшбандӣ
Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 шаҳр, 7 ноҳия ва 43 ҷамоати деҳот дорад.
Ноҳияҳои ВМКБ | |||||||||||
Бахш | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шаҳри Хоруғ | 30 000 | ||||||||||
Ноҳияи Ванҷ | 116 386 | ||||||||||
Ноҳияи Дарвоз | 23 541 | ||||||||||
Ноҳияи Ишкошим | 25 851 | ||||||||||
Ноҳияи Мурғоб | 14 321 | ||||||||||
Ноҳияи Роштқалъа | 18 529 | ||||||||||
Ноҳияи Рӯшон | 23 586 | ||||||||||
Ноҳияи Шуғнон | 35 441 |