ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Ноҳияи Балҷувон

Ноҳияи Балҷувон   яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. 

Ин ноҳия 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. 

Маркази ин ноҳия шаҳраки Балҷувон аст ки 190 км ҷанубу шарқтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Шӯробдарё ҷойгир аст. 



Ҷойгоҳ   Ноҳияи Балҷувон бо сарзамине 321,4 км? дар дараи рӯдҳои Вахш ва Шӯробдарё ҷой дорад. Дар шимол ва ғарб бо ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод ва Тавилдара аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҷануб ва шарқ — бо ноҳияҳои Норак, Ховалинг ва Темурмалик аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.

Таърих   Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Балҷувон бахше аз вилояти Кӯлоб гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Кӯлоб дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Кӯлоб барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Ноҳияи Балҷувон расман дар 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб таъсис ёфта аст.
Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru