ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ноҳияи Ёвон — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар бахши марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 11 июни соли 1934 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Ёвон аст, ки дар канори рӯди Ёвон, 54 км ҷанубу шарқтар аз Душанбе ва 88 км шимолтар аз Қурғонтеппа ҷой дорад.
Ҷойгоҳ Ноҳияи Ёвон бо сарзамине 976,2 км? дар дараи рӯди Вахш ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ — бо ноҳияҳои Норак ва Данғара, дар ғарбу ҷануб — бо ноҳияҳои Хуросон ва Ҷомӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя аст.
Мардум Мардуми Ёвон ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2009, ноҳияи Ёвон 176 200 тан ҷамъият дошт.
Ҳукумат Сарвари ноҳияи Ёвон Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ёвон Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ёвон барои 5 сол интихоб мекунанд.
Таърих Сарзамини кунунии ноҳияи Ёвон дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Ёвон бахше аз вилояти Сталинобод гардид.