ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев аст ки 32 км ҷанубтар аз шаҳри Қурғонтеппа, дар доманакӯҳ ва канораи рӯди Қумсангир ҷой дорад. Аз ин шаҳрак то Душанбе 132 км роҳ аст.
Ҷойгоҳ Ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ дар водии Вахш ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Бохтар ва Вахш, дар шарқ — бо ноҳияи Фархор, дар ғарб — бо ноҳияи Ҷиликӯл ва дар ҷануб — бо ноҳияҳои Қумсангир ва Панҷ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя аст.
Мардум Мардуми ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2009, ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ 160 000 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 177,7 кас/км? буд.
Ҳукумат Сарвари ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ барои 5 сол интихоб мекунанд.
Таърих Ин ноҳия 21 марти соли 1933 дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст ва нахуст ноҳияи Вахш ном дошт.
Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна номи ин ноҳияро Ҳаловард ёд кардаанд.
Ҳаловард дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда ва арку шаҳристону рабаз дошт ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Бино бар навиштаи «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб», «Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ»[4]. Шаҳри Ҳаловардро Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик», Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим», ибни Ҳавқал дар «Сурат ул-арз», Ёқути Ҳамавӣ дар «Мӯъҷам ул-булдон» ва Абурайҳон Берунӣ низ дар осораш ёд кардаанд.
Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳри Ҳаловард дар замони Кушониён падид омада[5] ва дар садаҳои миёна маркази Вахшонзамин будааст. Ин шаҳр дар соли 750 милодӣ ба дасти арабҳо вайрон шуда[6] ва бостоншиносон харобаҳои онро дар канораи ғарбии шаҳраки Колхозобод ёфтаанд, ки 12 га масоҳат дорад ва имрӯз онро Кофирқалъа мехонанд[7]. Сипас маркази Вахшонзамин ба шаҳраке кӯчонда шуд ки 12 километр шимолу ғарбтар аз харобаҳои Кофирқалъа дар канораи рӯди Вахш ҷой дошт. Дар садаҳои миёна ин шаҳр низ Ҳаловард ном доштааст ва харобаҳои он ҳамакнун ба номи «Золи Зар» наздики деҳаи Узун, дар канораи чапи рӯди Вахш, 12 км дуртар аз Колхозобод ва 23 км дуртар аз Қӯрғонтеппа бар ҷоянд[8].
Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки деҳа дар ҷои харобаҳои кунунии Золи Зар дар садаҳои III - IV милодӣ бунёд ёфтааст[9]. Пас аз истилои араб ва вайрон шудани Ҳаловарди якум, ин деҳа дар асрҳои X - XIII шаҳри калоне гардида[10] ва то ҳамлаи муғул маркази Вахшонзамин будааст, аммо дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст[11]. Пас аз садсолаҳо вайронӣ ин сарзамин кам-кам обод шуд ва дар торихномаҳо дар соли 1884 аз рустое ёд мекунанд ки Туғаланг ном дошта ва бахше аз бекнишинии Қурғонтеппа дар Аморати Бухоро будааст. Дар соли 1919 ин русто 1400 буна хонавор дошта ва мардумаш кишоварзу чорводор будаанд. 21 марти 1933 рустои Туғаланг маркази идории ноҳияи Вахш ва яке аз марокизи ободонии водии Вахш гардид. 20 декабри соли 1934 Туғалангро ба ёди Лазар Каганович, яке аз раҳбарони яҳудитабори шуравӣ, Кагановичобод ва ноҳияи Вахшро ноҳияи Кагановичобод номиданд.
11 июни соли 1954 Кагановичобод расман шаҳрак (русӣ: Посёлок городского типа) эълом шуд. 3 июли соли 1957 шаҳраки Кагановичобод ба ёди ободгарони водии Вахш, ки аз шимоли Тоҷикистон кӯчонда шуда ва нахустин колхозҳоро дар водии Вахш ташкил карда буданд, Колхозобод номида шуд ва ноҳия низ ҳамномаш Колхозобод гардид.
10 январи 1991 ин шаҳракро ба ёди Сироҷиддин Исоев - Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ, яке аз ободгарони водии Вахш ки 28 сол раиси ин ноҳия буд, «шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев» номиданд[12]. Ноҳияи Колхозобод 19 июли соли 2007 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ номида шуд, ҳарчанд рӯшанфикрони хатлонӣ аз масъулини ноҳия хоста буданд, ки номи торихии шаҳраку ноҳия - Ҳаловард бар ноҳия гузошта шавад[13]. [вироиш] Решашиносии ном
Номи пешина ва бостонии ин ноҳия Ҳаловард буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин шаҳр дар замони Кушониён (оғози садаи I милодӣ то миёнаи садаи III милодӣ) падид омадааст, решаи вожаи Ҳаловардро дар забонҳои суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Азбаски ҳама шаҳрҳои бостонии мо гирдогирдашон девор доштаанд, бахши дувуми ин ҷойном «вард» бояд бозмондаи вожаи эронии бостони «warta-» (ба маънои «девордор») аз решаи «war-» бошад[14], ки «бора» ва «девор» аз он падид омадааст[15]. Ин вожа дар «Авесто» дар номи «Вари Ҷамкард» (дар паҳлавӣ «war-i jamkard» ва дар порсӣ ба маънои «бораи Ҷамсохта»)[16] омада ва имрӯз низ дар номи рустоҳои Хумби Варӣ[17] ва Кангурт[18] низ барҷой мондааст. Ногуфта намонад ки Кангурт аз Ҳаловард чандон дур нест ва дар гузашта ҳар ду аз мавзеъҳои ободи Хатлон будаанд.
Cоли 2007 рӯшанфикрони хатлонӣ ба масъулини ноҳияи Колхозобод пешниҳод дода буданд, ки номи таърихии ин сарзамин барои севум бор эҳё гардад ва маркази ноҳия Ҳаловард номида шавад[19], аммо бар хилофи чашмдошти онҳо ноҳияи Колхозобод 19 июли соли 2007 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ номида шуд[20].