ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таърих Дар охири хазорсолаи 3-юм ва дар аввали хазорсолаи 2 то милод, дар сохили рости дарёи Сир, дар тарафи ғарбии Хуҷанди хозира, дар нимбиёбони Кайроккум қабилаҳои зиёде зиндагӣ мекарданд. Онхо асосан ба чорводори, кишоварзи ва охангари машгул буданд.
Дар асрхои 6 ва 5 то милод ин кабилахо ба давлати Хахоманишиён вобастаги медоштанд. Дар асри 4 то милод бошад Искандари Макдуни ба Хахоманишиён хамла карда, он заминро забт карда гирифт. Дар асрхои дигар низ ба ин замин, ки холо дар ончо шахри Кайроккум чойгир аст, кабилахои Араб дар асрхои 8 то милод, мугулхо дар асри 8-ум хамла карданд ва гайрахо.
Мавкеи чойгиршави Шахри Кайроккум дар масофаи 15км аз ш. Хучанд вокеъ аст. Масохаташ 1523га-ро ташкил медихад. Ахолии шахр мувофики маълумоти соли 2000 33400 нафарро ташкил медихад .Зичии ахоли дар 1км квадрати 6,2 нафар аст. Кайроккум дар чое ки табиаташ зебо, дар сохили бахри точик чогир шудааст. Аз кадим бо чойхои истирохати ва лагерхои бачагонаи худ машхур аст. Кайроккум дар баландии 450м аз сатхи бахр чойгир шудааст. Шахри Кайроккум 4 январи соли 1963 хамчун шахр эътироф гаштааст .Ба ш. Кайроккум инчунин шахракхои Консой, Навгарзанд, Адрасмон, Чоруккдарон, Олтинтопкан ва Сирдарё ки аз шахр 260км дуртар чойгир шудаанд ,дохил мешаванд. Иклими шахрамон хушк бошад хам,доимо шамоли хунук вазида меистад. Зимистонаш кутохи хунук, тобистонаш гарм аст. Сохили обанбори Кайроккум манзараи бисёр хам зебо дорад, натанхо барои истирохат чои хуб аст балки барои бехтар кардани саломати чои кулай аст. Аммо дар фасли зимистон барф кам меборад, ки баландии он 2-5см ташкил медихад. Барф ба замин нарасида тез об мешавад. Дар солхои 1951 - 1957 дар ин ша?р Стансияи барки "Дустии халкхо" дар дарёи Сир сохта шуда буд, ва ин ба машхур шудани шахри мо мусоидат кард.Истирохатгоххои шахри Кайроккум Чандин солхо дар сохили бахри Точик одамон истсрохат мекунанд. Дар сохилхои бахри Точик натанхо одамони ин шахри Кайраккум балки аз давлвтхои хамсоя хам одамон барои истирохат ва табобат меоянд. Бо саршавии фасли тобистон одамон аз саросари дуне барои дамгири дар боду хавои тоза ба инчо меоянд. 15- истирохатгох хар тобистон дархои худро барои мехмонон боз мекунанд,ки яке аз онхо ин истирохатгохи “ Шифо’’ мебошад. Дар ончо одамон метавонанд табобат ва истирохат кунанд. Дар Кайроккум бисёр чойхои дамгири хастанд мисалсн: яке машхуртарин базаи туристи ки дар сохили бахри Точик чойгир аст, санаторияи “Кишоварз”ва лагерхои бачагона ба мисли “Зухал” “Орлёнок” хастснд, ки харсол ба ин лагерхо ва санаторияхо хазорхо одамон барои дамгири меоянд. Мархамат ба шахри Кайроккум!!!
Корхонахои калонтарини шахри Кайроккум Корхонаи калонтарини шахри Кайроккум ЧСШКТ "Колинхои Кайроккум", ки ба баровардани махсулоташ, яъне колинхо, аз соли 1959 шуруъ карда буд, колинхои дарачааш олиро мебаровард. То имруз дар ин комбинат зиёда аз 2900 нафар коргарон кор мекунанд. Соли 1974 колинхои Кайроккум дар намоишгохи байнандавлати дар Германия иштирок карда, махсулоташро пешниход карду сазовори медали тиллои гардид. Баъди бунёд кардани обанбори Кайроккум, дар ончо корхонаи мохидории "Шукуфон" ба кор шуруъ кард, ки дар ин корхона коргарон мохихоро парвариш карда, аз онхо кансервахо тайёр мекунанд. Боз дар шахри мо "Чамъияти маъюбон" ташкил карда шуда буд, ки то хол кор мекунад. Онро ветерани мехнат Рахимов М. сарвари мекунад. Ин ташкилот барои бехтар кардани зиндагии маъюбони шахрамон, барои ёри ба онхо ташкил карда шуд. Онхо аз болои нафакахурон назорат мекунанд, то ин ки онхо нафакаашонро дар вакташон гиранд. Дар шахри мо корхонаи мевабарорие сохта шуда буд, ки маблаггузораш комбинати Колинхои шахрамон мебошад. Онхо намудхои гуногуни меваро парвариш ва истехсол мекунанд: себ, шафтолу, анор, ангур, анчир ва гайрахо.
Мактабҳо Дар 15 Мактабхои Тахсилотии Умуми ва дар гимназияи ба номи Б. Гафурови шахри Кайроккум 8439 талабагон мехонанд. Дар маркази шахри Кайроккум 3 мактаби тахсилоти умуми ва як гимназия кор мекунад. Дарсхо ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбакӣ ва русӣ мегузаранд. Дар инчо муаллимахои ботачриба дарс медиханд аз онхо 121 тоаш тачрибаи Оли доранд, 153 муаллимахо бо тачрибаи аввал, 140 муаллимахои бо тачрибаи дуввум. Хар сол дар мактаби мо хатмкунандагон ба Донишгох ва мактабхои Оли дохил мешаванд. Хар 5 сол мауллимахо аз такмили ихтисос мегузаранд.