ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Конибодом

Конибодом шахр дар хайъати вилояти Суғд. Аз самти Шимол обанбори Кайроккум чойгир аст, аз самти Чануб шахри Исфара аз Шарк чумхурии 

Узбакистон вилояти Фаргона, аз Ғарб дар мобайн каме шахраки ва баъдан шахри Гафуров. Конибодом аз чиҳати аҳоли баъд аз шаҳрҳои Хучанд ва Истаравшан дар вилояти Суғд дар ҷои сеюм меистад. Ахолии конибодом 46 хазор нафар (с 2000) мебошад. Дар Конибодом 50 мактаби миёна, омўзишгохи педагогии нохияи Конибодом, литсеи аграри ва чанде дигар омузишгохо вучуд доранд.Аз маркази нохия канали калони Фаргона гузаштааст, ки ахолии нохия ва хочагихои дехконии онро бо об таъмин мекунад.Асоси коргаронро дехконхо ва муаллимон ташкил медиханд.Дар нохия як чанд хочагихои калон ба монанди Энаҷон Бойматова, ЧС Ирам, ЧС Асор, ва ғайра. 

Таърих   Конибодом дар гузашта яке аз шахрхои маъмуру ободи Осиёи Миёна буд ва бо номи «Канд» шухрат дошт. Нахустин хуччате, ки дар номи «Канд» сабт шудааст, мактуби ба хокими Сугд Диваштак навиштаи сафири у Фатуфарн аст, ки он тахминан солхои 712 – 713 хангоми ба Мовароуннахр лашкар кашидани Кутайба ибни Муслим сарлашкари араб шавишта шудааст. Аз ин хуччат метавон ба хулоса омад, ки Конибодом хануз пеш аз истилои араб вучуд дошт.

Маълумоти мухтасардоир ба канд дар «Ашкол ул олам» ном китоби чугрофиёии вазири маъруфи ахди Сомониён-Чайхони низ омадааст. Муаллиф зимни тавсифи Хучанд овардааст, ки «Дар амали он (яъне, Хучанд) хеч шахри дигар нест, магар Канд». Аз ин ишораи Чайхуни маълум мешавад, ки дар асри X Канд ба вилояти Хучанд дохил мешудда ва чун шахр ташаккул ёфта будааст.

Конибодом аз кадимулайём бо бодоми худ машхури чахон буд. Ба шухрати бодоми ин шахр дар ашъори Хаким Сузании Самарканди (ваф.1179) ва шоири Конибодоми асри XII Шайх Бобо Табиби Фаргони сарехан ишора рафтааст. Дар ин бора адиб ва муаррихи араб Ёкути Хамави (ваф.1229) низ дар китоби худ «Муъчам-ул-булдон» аз чумла навиштааст: «Канд бо сабаби фаровонии бодом ба номи «Конибодом» маъруф аст. Бодоми ин чо бисёр хуштаъм ва тунукпуст Буда, пусташ ба соиши даст майда мешавад». Айни хамин гуна маълумот доир ба Конибодом дар «Бобурнома»-и адиб ва ходими давлатии асри XVI Зухуриддини Мухаммад Бобур низ кайд шудааст. Аз ин чо бармеояд, ки Канби бостони аз асрхои XII-XII сар карда ба худ «Конибодом» ном гирифтааст. Номи хозираи шахр – Конибодом зохиран дар асрхои XVII-XVIII мустаъмал гардидааст.

Конибодом хануз солхои 712 хамчун шахри калони тичорати машхур буд.

Дар ибтидои солхои наваддуми асри XX дар таърихи миллати бостонии точик мархилаи нав – мархилаи Истиклолият огоз ёфт.

Таърихи Конибодом низ аз вокеоту ходисоти хикматангез ва сабакомуз мамлуъ аст. Варакгардон кардани сахифахои таърихи дуру наздики ин шахр фазилатхои барои мардуми ин диёр ва ба таври умум барои точикон хосб Буда, аз кабили ватандусти, фидокори ва химояи марзу буми ачдоди, мехнатдусти, хунарманди, эчодкори, мехмоннавози ва гайраро таъйид ва тасдик мекунад.

Конибодом дар сарчашмахои таърихи ва маъхазхои боэътимоди илми ба хайси яке аз шахрхои кадими Оисёи Маркази зикр шудааст. Яке аз шохахои Рохи бузурги Абрешими 3700 сол аз ин шахр мегузашт ва аз тавассути Хучанду Истаравшан, Самарканду Бухоро то ба Мавр мерасид. Дар пажухишхои охир, ки ба омузиши «Достони Дувоздах Рух»-и «Шохнома»-и безаволи Фирдавси асос ёфтааст, тахмин рафтааст, ки Конибодом 3000 сол пеш аз ин «Канобад» ном дошт ва чанге миёни эрониёну турониён дар мавзеи Канобод ва Райбад (Работи кунуни) сурат гирифтааст.

Дар асрхои VII-VIII-уми мелоди, яъне дар давраи истилои арабхо Конибодом «Канд» ном дошта ва он бад-ин ном дар мактуби Фатуфарн-вакили хокими Сугд Диваштак зикр шудааст. Дар як катор осори таърихиву чугрофи, аз кабили «Ахсан ут-такосил фи маърифат алаколем»-и Мукаддаси (946-990), «ал-Масолик ва-ле-мамолик»-и Истахри (асри IX) ва гайра шахри Канд ва фазоили он ёд шудааст. Аз ин бар меояд, ки дар асрхои IX-X, яъне дар ахди Сомониён Конибодом номи кадимии «Канд»-ро нигох дошта будааст.

Конибодом аз кадимулайём чун шахри хунармандону санаткорон, ахли илму фазл дар Мовароуннахр шухрат дошт. Бино ба шаходати сарчашмахо, бехтарин хаттотони хони Хуканд аз Конибодом будаанд ва дар ривочи санъати хаттотиву саххофии Осиёи маркази сахми босазо гузоштааст. Дар маохизи асрхои миёна ному намунахои осори адибони Конибодомие, ки мисли Мавлоно Кушкаки, Шарафуддини Панчдехи, Шайх Бобо Табиби Фаргони, Мавлоно Тайиби Конибодом, Мулло Шокири Конибодоми, Эшони Гарибии Конибодоми, Гурбат Махсум ва дигарон ба кайд омадаанд, ки аз вучуди хаёти адаби дар Конибодоми асрхои миёна дарак медиханд.

Дирузу имрузи Конибодом, дороихои маънави, сарватхои табии, ёдгорихои хунар ва санати воло, корномаи фарзандони фарзона ва комёбихои мардуми захматкаши ин кухандиёр таваччухи ахли илму адабро кайхост, ки ба худ чалб намудааст. Дар ин замина, як идда таълифоти мухаккикону бойгонишиносон, асархои ёддошти, очеркхои хуччати ва маколахои публисисти, ки ба калами ахли сиёсат, илм ва адаб, аз амсоли Абдулахад Каххоров, Рауф Баротов, Хочи Содик, Абдучаббор Каххори, Иброхим Обидов, Комил Ёрматов, Али Бобочон, Усмончон Обидов, Шамсиддин Зохидов ва дигарон тааллук доранд, руй чопро дидаанд.

Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru