ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Норак

Норак   – шаҳри энергетикҳо дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «Тоҷикон» ишора меравад, ки замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурданд. Чил ҳазор бозёфтҳое, ки муаррихон аз хафриёти Норак пайдо кардаанд, интизори омӯзиш ва хулосаҳои мутахасисонанд. Бо барқарор гардидани ҳукумати Шӯравӣ солҳои бистум – сиюм дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шӯравӣ ба бунёди Нерӯгоҳи оби-барқӣ мувофиқ будани Норак таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд.

Маҳз бо ташаббуси сарвари хамонвақтаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев сохтмони Нерӯгоҳи обии барқӣ Норак соли 1960 ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои соли 1990 Совети Вазирони СССР дар бораи сохтмони Ноб-и Норак қабул кард ва сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи обии барқӣ Норак хамон сол дар ҷои деҳаҳои хурди Туткавул, Норак, Лангар ва деҳаи Сабур сар шуд. Сохтмони нерӯгоҳи обии барқӣ ба Норак ҳаёти тоза бахшид. 16 Декабри соли 1960 дар асоси Укази Призидуми Совети Олии ССР Тоҷикистон Норак дорои статуси шаҳри гардид, ки соли 2000 – ум тамоми мардуми Тоҷикистон, энергетикҳои шуҳратмандашон ин санаро тантанавор ҷашн гирифтанд.

Шаҳр сию як деҳа дорад, ки дар ду ҷамоати деҳот мутаҳид шудааст. Дар шаҳр 8 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла Ноб-и Нораку Бойғозӣ, заводи оҳану битон, заводи таҷрибавии механикӣ, фабрикаи «Оли Сомон», заводи нон ва ғйраҳо фаъолият мекунанд. Имрӯз дар шаҳр маткабҳои миёна, литсей, коллеҷяи омӯзгорӣ, мактабҳои мусиқию расомӣ ва се боғчаҳо ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Беморхонаю дармонгоҳи замонави: ду нуқтаи тиббии деҳот, 9 дорухона дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Шаҳрвандон имконият доранд фароғати худро дар варзишгоҳ (дорои 1500 ҷой), 5 толори варзиш, 2 ҳавзи оббозӣ, қасри маданият (дорои 700 ҷой), 6 клуб, китобхонаи марказӣ, ки бо ташаббуси маҷалаи «Дружба народов» соли 1974 ташкил ёфта, дорои 161,5 ҳазор нусха китоб мебошад гузаронанд, 14 китобхонаи деҳот дар хизмати мардум аст. Автовакзали замонавӣ ва 2500 нуқтаи телефон низ дар хизмати аҳолист.

Шаҳри Норак дар соҳили рӯди Вахш ҷойгир буда масоҳаташ зиёда аз 324,5 км мураббаъро ташкил медиҳад. Аз Норак то пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе 64 км ва то маркази Вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа 130 км аст. Аз байни куҳҳое, ки Норакро дар оғӯш гирифтаанд, кӯҳи Норак зеботарин ва баландтарин, ки баландиаш 1714 метр аст, мебошад. Умуман, шаҳри Норакро зиёда аз 40 миллати собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, сохтаанд ва имрӯз аксарияти ин миллатҳо дар шаҳр кор ва зидагӣ мекунанд. Аз ин хотир, ҳокимияти иҷроияи шаҳр ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум баланд гардида ва хоҳони он аст, ки ваҳдату дӯстӣ хамеша пойдор бошад.

Нораки ман нури шабҳои мани,
Гӯшаи сайру тамошои мани.
Ганчи дунёро накардам орзу,
Нораки ман ганҷи дунёи мани.
Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru