ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Панҷ

Ноҳияи Панҷ — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳри Панҷ аст ки 117 км ҷанубтар аз шаҳри Қурғонтеппа ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷойгир аст. Аз ин шаҳр то Душанбе 206 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ   Ноҳияи Панҷ бо сарзамине 880,6 км? дар дараи рӯди рӯди Панҷ ва марз бо Афғонистон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Румӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Фархор, дар ғарб — бо ноҳияи Қумсангир аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя буда ва дар ҷануб бо ноҳияҳои Имомсоҳиб ва Арчӣ аз вилояти Кундӯз дар Афғонистон ҳаммарз аст.

Мардум   Мардуми Панҷ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Панҷ 78 698 тан ҷамъият дошт.

Ҳукумат  Сарвари ноҳияи Панҷ Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Панҷ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Панҷ барои 5 сол интихоб мекунанд.

Таърих   Ин ноҳия 29 августи соли 1930 бо номи ноҳияи Саройкамар дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Дар солҳои 1931 — 1936 ин ноҳия Бауманобод ва дар солҳои 1936 — 1963 Кировобод номида мешуд.
Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru