ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Ҷаббор Расулов

Ноҳияи Ҷаббор Расулов — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Пролетар аст ки 20 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Пролетар то Душанбе 297 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ   Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо сарзамине 328,5 км? дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Спитаман ва ноҳияи Ғафуров аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар шарқу ҷануб — бо ноҳияи Лайлак аз ноҳияҳои вилояти Бодканд дар Қирғизистон ҳаммарз аст.

Мардум  Мардуми ин ноҳия ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳия 115 ҳазору 600 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 385,3 кас дар км буд.

Ҳукумат  Сарвари ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ҷаббор Расулов Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод  Ноҳияи Ҷаббор Расулов 12 корхонаи саноатӣ, 514 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 479 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 39247 га аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст.

Таърих Ин ноҳия 21 январи соли 1935 чун ноҳияи Пролетар дар бахше аз вилояти Ленинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 барои ёдбуди Ҷаббор Расулов, яке аз раҳбарони коммунист ва шӯравии Тоҷикистон «ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов» номида шуд.
Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru