ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ноҳияи Шаҳристон —яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Шаҳристон аст ки 102 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Шаҳристон то Душанбе 240 км роҳ аст.
Ҷойгоҳ Ноҳияи Шаҳристон бо сарзамине 1140 км? дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Истаравшан, дар шарқ — бо ноҳияи Ғончӣ, дар ҷануб — бо ноҳияи Айнӣ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ғарб бо ноҳияи Зомини вилояти Дизаки Узбакистон ҳаммарз аст.
Мардум Мардуми ноҳияи Шаҳристон ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Шаҳристон 34 500 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 28,8 кас дар км? буд.
Ҳукумат Сарвари ноҳияи Шаҳристон Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳристон Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шаҳристон барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисод Ноҳияи Шаҳристон 2 корхонаи саноатӣ, 202 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 170 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 13 200 га, аз ҷумла 4 100 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия , сабзавот, ғалла ва качолу аст.
Таърих Ин ноҳия 29 августи 1990 дар бахше аз вилояти Ленинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.