ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ноҳияи Шаҳритус --яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 29 августи соли 1930 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[1] ва 7 январи соли 1944 бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.
Маркази ин ноҳия Шаҳритус аст ки дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 112 км ҷанубу ғарбтар аз Қурғонтеппа ҷой дорад. Аз Шаҳритус то Душанбе 230 км роҳ аст.
Ҷойгоҳ Ноҳияи Шаҳритус бо сарзамине 2380 км? дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарё, дар шарқ — бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб — бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст.
Мардум Бештари мардуми Шаҳритус узбак ва камтараш тоҷик аст. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Шаҳритус 95 040 тан ҷамъият дошт.
Ҳукумат Сарвари ноҳияи Шаҳритус Раиси Ҳукумати он аст ки ӯро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳритус Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шаҳритус барои 5 сол интихоб мекунанд.
Таърих Мардум дар дараи рӯди Кофурниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст.
Дар сарзамини Шаҳритус осори бисёре аз гаҳи бостон ва садаҳои миёна бозмонда аст[6]. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин ёдгориҳи Хоҷа Машҳад, Хоҷа Дурбод, Тиллоҳалоҷӣ, Чилучорчашма аст.
Сарзамини кунунии ноҳияи Шаҳритус дар садаҳои миёна бахше аз Қубодиён ва вилояти торихии Хутталон буд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Шаҳритус бахше аз вилояти Сталинобод ва дертар вилояти Қурғонтеппа гардид.