ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ноҳияи Зафаробод — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Маркази ин Ноҳия шаҳраки Зафаробод аст. Нохия солхои 1960-1965 ташкил шудааст. Оғози солҳои 1970 аз водии Яғноб мардум ба ин ноҳия муҳоҷир шудаанд. Ба ноҳия аз дигар шаҳру навоҳии гирду атроф (аз ҷумла, аз ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Хуҷанд (имрӯза Бобоҷон Ғафуров), Ғончӣ) ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада, муқимӣ гаштаанд. Дар даврони шӯравӣ дар ноҳия намояндагони дигар халқу миллат (аз ҷумла, русзабону корегиҳо, татару чуваш ва ғ.) низ истиқомат мекарданд. Алҳол асоси ноҳияро мардуми тоҷикзабон ва ӯзбекзабон ташкил медиҳад. Ноҳия аграрӣ буда, маҳсулоти асосии истеҳсолшаванда пахта мебошад.