Идҳои Тоҷикистон

 

23 феврал - Рӯзи артиши миллӣ

Ҳамсола рӯзи Артиши Миллиро дар майдони Исмоили Сомонӣ бо ширкати афсарони Горнизони шаҳри Душанбе, бо роҳбарии Вазири мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва бо ҳамроҳии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзи бошукӯҳро ҷашн мегирем.

Аммо бархеи ҷавонон ба бонувон рашку ҳасуд мебаранд, ки чаро маҳз 8- уми март, барои занҳо истироҳат эълон карда мешаваду барои мардҳо рӯзи 23- феврал чунин рӯз буда наметавонад.  

Ба андешаи як ҷавони тоҷик ном Нозим, чунин менамояд, ки имрӯз мо барои занҳо имтиёз медиҳем, зеро онҳо модарону хоҳарони ҳамаи мост. Барои ҳамин мехоҳам барои бонувон ва хоҳарони худ, меҳрубони намоем.  

Дар ҳамин маврид, яке аз донишҷӯйи ДМТ Даврон хоҳиш ва пешниҳод дорад, ки рӯзии артиши миллиро низ ба монанди дигар идҳо истироҳат эълон карда шавад.

Даврон илова намуда мегӯяд, имрӯз онҳоеро, ки ба курсии парлумони пешниҳод менамоем, хоҳишмандем, ин масъаларо дида бароянд. Дар ин маврид унвонҷӯйи ДМТ Неъматуллои Акбарзод чунин андеша дорад: 

«Баъзан замони донишҷӯи ҳамкурсдухтаронам нимшӯхиву нимҷидӣ ба мо эрод мегирифтанд, ки гӯё мо рӯзи артиши миллиро ба номи мардҳо «оформить» кардаем. Аммо кӣ гуфта метавонад, ки номи «мард» бо «артиш» тавъам нест? Замоне ҳеҷ касбу пеша набуд, вале ҳимоятгарӣ, (дар доираи қабилаву оилаву минтақа), сарбозӣ, сипоҳдорӣ, размандагӣ шеваи зист ва касби хунии мардон буд. Ва фикр мекунам ягона олоте, ки одамизод ихтироъ карду онро ҷиҳати ҳимоя ва таъмини моддиву маънавии худ истифода кард, шояд аслиҳаи ҷанг бошад. Ба ҳамин хотир, мардон дар ҳама давру замонҳо пеш аз он, ки косибе бошанд ва ё мутахассиси соҳае, нахуст, разманда ва ҳомӣ маҳсуб мешаванд. Ин ахбори ирсиву аҷдодии мост!» 

Дар хусуси он, ки ин рӯз рӯзи истироҳат бошад, то ҳол фикр накарда будам. Лекин бигзор, ки рӯзи корӣ бошад, то хонумони муҳтарами мо, яъне тамоми хоҳарону модарони мо бори дигар мутмаин бошанд, ки мо дар талош, такопу ва андешаи осудагии онҳо ҳастем. То бори дигар исбот шавад, ки мардҳо табиатан низомиянд ва ҳеҷ гоҳе фикри фароѓату осудаҳолӣ наметавонад онҳоро аз ҳолати кориву омодабош дур созад.  

Рисолати мо мардон ҳам дар ҳамин чиз зоҳир мешавад». Аз андешаҳо бармеояд, ки чаро ин рӯз барои мардҳо истироҳат эълон карда нашавад, зеро ҷавонон мехоҳанд ҳамеша марзу буми худро бе истироҳат ҳимоя намоянд, то душмани миллати мо аз фурсати муносиб истифода намуда ба мо зарба бизананд. Имрӯз чунин ба назар менамояд, ки гендер ва баробарҳуқуқи нисбати мардҳо, балансировкаи худро таѓйир дода истодааст. ҳуҷаста бод рӯзи артиши Тоҷикистон.  

 

 

Аксҳо

Пайвандҳо

Адрес: Маяковски 60/1
Телефон: 985863886
E-mail: ehson10_1995@mail.ru

E-mail: fathullo.nurulloev@mail.ru