Идҳои Тоҷикистон |
- 1 январ - Соли нав
- 23 феврал - Рӯзи артиши миллӣ
- 8 март - Рӯзи байналхалқии Занон
- 21 — 22-юми март - Наврӯз
- 9 май - Рӯзи Ғалабa
- 27 июн - Рӯзи ваҳдати миллӣ ва сулҳ
- 9 сентябр - Рӯзи истиқлолият Ҷ.Т.
- 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷ.Т.
- Иди Рамазон-1 рӯзи- ҳар сол
- Иди Қурбон - 1 рӯз - ҳар сол
8 март - Рӯзи байналхалқии Занон
Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ба андешаи бархе аз коршиносон Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. Зеро, агар Иди Ғалаба муқаддас ва муҳим эътироф шуда бошад ва дар ин замина Иди якдилии байналхалқии меҳнаткашон низ ҷашн гирифта шаванд, бояд Иди бонувон низ дар ҳамин радиф қарор бигирад. Новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни таърихӣ ва сиёсист. З-ин рӯ, 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст…
Доир ба ин ҷашни таърихӣ бо як тан аз таҳлилгарони ҷавони тоҷик Фирдавси Аъзам сӯҳбат намудем:
- Дар ҷаҳон ҳамасола рӯзи 8-уми март ба унвони Рӯзи байналхалқии занон ҷашн гирифта мешавад. Ва ин рӯз дар мароҳилаи аввал ҳамчун рӯзи мубориза алайҳи беҳуқуқии занон пазируфта шуда буд. Вале бояд гуфт, ки 8-уми март Иди бонувон набуда, балки як ҷашни занони инқилобгару озодихоҳ буд…
Хуб, ин ҷо зарур мешуморам то сафаре дошта бошем ба таърихчаи чӣ гуна ба рӯзи озодии занон табдил шудани 8-уми март. Дар ҳамин таърих, соли 1857 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико занони коргари корхонаҳои пояфзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ намуданд. Ҳадаф аз гирдиҳамоии эшон ихтисор кардани рӯзи корӣ буд ва ҳамзамон мехостанд шароити меҳнат ва маош бо мардонро мусовӣ гардонанд. Он замон занон дар як шабонарӯз то 16 соат кор мекарданд, аммо чун имрӯза барои корҳояшон ҳуқуқи ночиз мегирифтанд. Сипас, натиҷаи ин ҳама ноадолатиҳо ба сар задани гирдиҳамоӣ барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо барои занон анҷомид. Ба тадриҷ иттифоқҳои касаба зуҳур карданд ва паз аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи ҷадид созмон ёфт, ки нахустин бор занон дар он узв буданд ва дар ҳамин рӯз буд, ки садҳо занони шуҷоъ ва озодихоҳ ба кӯчаҳои Ню-Йорк рехтанд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд. Ин буд зарурати чунин ном гирифтани 8-уми март.
Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март чун «Иди Бонувон» дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чанд соле боқӣ монд ва ҳамчунин дар дигар мамолики муштаракулманофеъ ин сана ба унвони Рӯзи Занон, Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешуд. Вале дар Тоҷикистон шурӯь аз соли 2010 Рӯзи байналмилалии озодии занон, ки қаблан ба ҳамин ном ҷашн гирифта мешуд, табдил ба «Рӯзи Модар» гашт. Акнун ва минбаъд дар тақвими тоҷикии мо 8-уми март бо хати сурх ба унвони Рӯзи модар ва рӯзи таътил нишон дода мешавад.
Имрӯз мо шоҳиди доираи васеи густариши ҳузур ва ширкати занон дар умури давлатӣ ҳастем, ки аз як тараф муваффақияти онҳо дар ҷомеа аст. Занон ба тадриҷ пеш мераванд ва ҳузурашонро дар майдони сиёсат зоҳир мекунанд. Дар замони кунунӣ бо баҳонаи истиқлолияти кишавр иштироки занҳо дар аксар ҷабҳаҳои зиндагӣ эҳсос карда мешавад. Занони тоҷик бо баробари шинохти мақому манзалати хеш дар соҳоти мухталифи давлат фаъолият мебаранд. Бояд қайд намуд, ки он кишвар ё ҷомеае, ки арзишу мақоми ин қишри ҷомеаро эҳтирому пос медоранд, ҳамон ҷомеа аз маданияту фарҳанги баланде бархӯрдор аст.
Имрӯзҳо занони кишвар бо вуҷуди он ки ҳуқуқи ширкат дар ҳама сохторҳои давлатиро соҳибанд ва албатта кам нестанд теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умури давлатӣ кору фаъолият мебаранд, аммо фикр мекунам ҳанӯз масъалаи беадолатию табъиз ва бадтар аз ҳама хушунат бо зан боқӣ мондааст.
Албатта, агар аз дигар зовия бингарем, дармеёбем, ки сафи намояндагии занон дар мақомоти қудратию давлатии Тоҷикистон рӯз аз рӯз афзун гашта истодааст, ки ин шаҳодати хуб будани мақоми эшон мебошад. Новобаста аз ин, занон дар ҷомеаи кунунӣ соҳибҳуқуқу соҳибраъянд.
Вале як масъале, ки ҳанӯз халли худро наёфта, боиси нигаронии ҳам ҷомеа ва ҳам давлат аст, ин ба кӯи ҳиҷрат сар задани занони тоҷик буда, дар қатори садҳо мардони муҳоҷири тоҷик занон низ ҳамроҳ шудаанд. Ва агар ба мизони бурду бохт нигоҳ кунем, наметавонам ин ҳолат аз занонро нодида бигирем. Занон ҳарчанд дар бахши сиёсат ва давлатдорӣ кам нестанд, лекин дар бахши кишоварзӣ саҳми занони бечораи тоҷик хеле бузург аст, ки ин чизро ҳам бояд дар назар дошт.
Бубинед, мо ҳамон тур, ки медонем ҳукумати кишвар ҳамеша барои баланд бардоштани мақому манзалати зан тадбирҳо меандешад, аммо агарчӣ қонунҳои кишвар ҳамеша баробарии ҳуқуқи зану мардро замонат медиҳад, вале ҳанӯз пешрафтҳои назаррасе дар ин замина ба чашм нахӯрда, масъалаи хушунат алайҳи занон боқӣ мондааст.
Ба ҳар ҳол дар кишвар занҳо аз рӯзи Модарон, яъне 8-уми март ба хубӣ истиқбол мекунанд ва ба ин баҳона аз дӯстону наздикону пайвандон тӯҳфаҳо ва амсоли инҳо интизоранд. Аз ҳамин фурсат истифода бурда, ҳамаи занон, модарони азизи тоҷик ва ҳамчунин модари азизамро, ки имрӯз зодрӯз доранд, табрику шодбошӣ намуда, орзу менамоям, ки зиндагии ҳамаи мо баҳорию шукуфоӣ бошад.
- Аксҳо
- Наворҳо
- Мусиқи
- Душанбе
- Вилояти Суғд
- Вилояти Хатлон
- Вилояти М.К.Бадахшон
- Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
- Китоби дархостҳо
Вилоятҳои Тоҷикистон
Алоқа
Пурсиш
Сайти маро баҳо диҳед!
ОБУ ҲАВО
Қурби асъор