Идҳои Тоҷикистон |
- 1 январ - Соли нав
- 23 феврал - Рӯзи артиши миллӣ
- 8 март - Рӯзи байналхалқии Занон
- 21 — 22-юми март - Наврӯз
- 9 май - Рӯзи Ғалабa
- 27 июн - Рӯзи ваҳдати миллӣ ва сулҳ
- 9 сентябр - Рӯзи истиқлолият Ҷ.Т.
- 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷ.Т.
- Иди Рамазон-1 рӯзи- ҳар сол
- Иди Қурбон - 1 рӯз - ҳар сол
9 май - Рӯзи Ғалабa
Дар шаҳри Душанбе барои таҷлили ботантанаи 64 солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ барномаи доманадори идона тартиб дода шуд.
Аз ҷумла 8 май дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маҷлиси ботантана ва консерти калон бахшида ба ин ҷашни бузург баргузор мегардад. Ташкилкунандагони онҳо сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон, ҳайати қумондонии пойгоҳи 201-уми Россия дар Тоҷикистон ва Шӯрои ветеранҳои он мебошанд.
Ҳамон рӯз дар майдони ба номи 800-солагии Маскав таҳти унвони «Онҳо Ватанро ҳимоя карданд» намоиши суратҳо кушода хоҳад шуд. Намоишгоҳи мазкурро то 29 май тамошо кардан мумкин аст. Ин намоишгоҳ бо ташаббуси намояндагии бунёди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии Евразия» дар Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Дар намоишгоҳ расму ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни ҷанг ва лаҳзаҳои муҳорибаҳо намоиш дода мешаванд.
9 май -рӯзи Ғалаба бо ёрии ихтиёриёни Маркази бачагону наврасони шаҳр амалиёти васеъи тақсимоти лентаҳои георгиевӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дар бораи ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мегардад.
- Аксҳо
- Наворҳо
- Мусиқи
- Душанбе
- Вилояти Суғд
- Вилояти Хатлон
- Вилояти М.К.Бадахшон
- Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
- Китоби дархостҳо
Вилоятҳои Тоҷикистон
Алоқа
Пурсиш
Сайти маро баҳо диҳед!
ОБУ ҲАВО
Қурби асъор