Идҳои Тоҷикистон

 

6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷ.Т.

6 ноябр ҷомеаи Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) кишварро таҷлил менамояд. 17 сол қалб аз ин дар ҳамин сана Конститутсия ё худ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Конститутсияи Тоҷикистон, ки санади муҳими таърихист, ба талабу тақозои ҷомеаи имрӯзӣ ба таври комил мутобиқат мекунад ва меъёрҳои сохти давлатдорӣ, мақом, ваколату салоҳиятҳои сохторҳои давлат, ҳуқуқҳову озодиҳои шаҳрвандро танзим менамояд. Бояд гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби ниҳодҳои қонунгузории кишвар бар асоси меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқ ва бо назардошти шароит ва махсусиятҳои ҷомеаи Тоҷикистон тадвин гардидааст. Мардуми Тоҷикистон бо ширкат дар раъйпурсии умумӣ ба лоиҳаи матни ин санади муҳим раъй додаанд.

22 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ислоҳот ва иловаҳое, ки бо пешниҳоди ниҳодҳои қонунгузорӣ ва тақозои шароити ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ба Конститутсия ворид шуда буданд, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба муҳокимаи мардум гузошта шуданд. Иловаю ислоҳоти зарур ва муҳим бахшҳои марбутаи Конститутсияро аз нигоҳи усулҳои қонунӣ мукаммал сохтанд.  

Созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва аксари кишварҳои ҷаҳон Конститутсияи Тоҷикистонро ба сифати қонуни асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявӣ хеле хуб арзёбӣ намуданд. Аз сӯи дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин асноди ҳуқуқии байналмилалиро аз қабили конвенсия, муоҳида ва созишномаҳо пазируфтааст ва дар созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқ шомил гардидааст. Бахшҳои марбутаи Конститутсияи кишвари мо бо меъёрҳои мундариҷ дар асноди мазкури байналмилалӣ ҳамоҳангии комил доранд. 

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол пояю асоси тамоми қонуну меъёрҳои ҳуқуқиро ташкил медиҳад ва барои рушду шукуфоии ҷомеаи ҳуқуқбунёд имкону шароити мусоидро фароҳам меорад. Дар он тамоми масоили ҳуқуқӣ - аз озодии виҷдону баён то ба ҳуқуқи интихоб кардану интихоб шудан тафсир ва танзим шудааст. Бино бар ин ҳам он заминаи пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи кишвар мебошад. Дастовардҳои Тоҷикистон дар 20- соли Истиқлолият дар бахшҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисод, саноат, илм маориф ва фарҳанг далели ин гуфтаҳост.  

Конститутсияи Тоҷикистон аз сад моддаи муъҷазу мухтасар ва фарогир иборат аст, ки бар асоси онҳо даҳҳо қонун, кодекс, низомнома, муқаррарот ва асноди дигари қонунгузорӣ таҳия ва тадвин шудаанд. Ин асноди қонунгузорӣ на фақат фаъолияти ниҳоду муассисоти идорӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатиро танзим менамоянд, балки барои густариши доираи амалу фаъолияти онҳо заминаҳои қонунӣ ва ҳуқуқиро муҳайё месозанд, ба онон имкони ибтикору ташаббускорӣ ва ройзанӣ дар масъалаҳои гуногунро медиҳанд. 

Конститутсияи Тоҷикистон дар роҳи пешбурди сиёсати оқилонаи дохилӣ ва хориҷӣ, татбиқи барномаҳои некӯаҳволии халқ,иҷрои нақшаҳои бунёдкорӣ дар бахшҳои гуногун, таъмини бахту саодати мардум ва амнияту осоиши кишвар ба сифати раҳнамо хидмат хоҳад кард. 

 

 

Аксҳо

Пайвандҳо

Адрес: Маяковски 60/1
Телефон: 985863886
E-mail: ehson10_1995@mail.ru

E-mail: fathullo.nurulloev@mail.ru