|
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
|
|
|
VI
Намоён шуд ба чашми субҳи шодӣ
Сияҳабре чу шоми номуродӣ,
Ки хасми фитнагар бишкаста паймон,
Шуда лабташнаи хун, гушнаи ҷон,
Ҳуҷум оварда бо оташфишонӣ
Ба тасхири ҷаҳони комронӣ.
Саҳаргоҳон баромад деви бадмаст
Ба болои сари мо теғ бар даст.
Ба рӯи ин Ватан-ин бахткавкаб
Хатар наздик шуд ҳар рӯзу ҳар шаб.
Сипаҳсолори модар хашм афтод,
Ба ҷанги беамон фармони худ дод.
Рафиқу дӯстонашро садо кард,
Садо дар пешгирии бало кард.
Садо аз пойтахт, аз Маскав омад
Садои раҳбари асри нав омад.
Садои раҳбаре, ки рӯҳи халқ аст,
Шарики шодию андӯҳи халқ аст,
Садои раҳбаре, ки халқ бо вай
Намуда роҳи чандин фатҳро тай;
Садои раҳбаре, ки дар дили халқ
Нишаста чун умеди комили халқ.
Ба одам гуфт хоки кишвари бахт,
Ки: “Гар ту дӯст медорӣ маро сахт,
Агар хоҳӣ, ки бо ман зинда бошӣ,
Ҷавонбахту чу гул дар ханда бошӣ,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!”
Ба одам гуфт ҳар кӯҳи азиме,
Ки: “Хоҳӣ бо бузургон гар надимӣ,
Агар монанди барфи қуллаи ман
Даруни синаат соф асту равшан,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!”
Ба одам гуфт мавҷи оби дарё,
Ки: “Эй, дар меҳнатӣ аз ман ту боло,
Агар ки ту ниҳонӣ ташна монӣ,
Замин хушконию худ гушна монӣ,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!”
Ба одам осмон гуфт: “Эй зафарманд,
Нахоҳӣ гар нафас гардад туро банд,
Фазо хоҳӣ агар доманфарохе,
Сарафрозӣ кунӣ дар он чу кохе,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!”
Ба одам инчунин хуршед ҳам гуфт,
Ки: “Натвонад касе меҳр аз ту бинҳуфт,
Агар хоҳӣ ки бошӣ ҷовидонӣ,
Чу ман рахшандарӯ дар зиндагонӣ,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!”
Шунид ин ҳарфро ҳар пиру барно,
Бигуфто: “Ман фидо гардам Ватанро”.
Намонд он кас ки боз осуда бошад,
Ба ғафлат андаке ҳам буда бошад.
Зи ғарби СССР то кӯҳи Помир,
Зи дарёи сияҳ то Арктики пир,
Суруди ҷангии модар ҳаво шуд,
Замин аз пои лашкар пурсадо шуд,
Маро беҳтар зи ту ёри дигар нест,
Зи ман дар ошиқӣ ҷонбозтар нест.
Ба майдони ҳунар аз мард будан,
Барои ошиқон беҳтар ҳунар нест.
Машав, навмед, эй ҷононаи ман,
Ки мегардам ба зудӣ чун Таҳамтан.
Ватанро аз фашистон пок созем,
Ба мову ту халоиқ гӯяд аҳсан.
VIII
Даруни бешаи анбӯҳраста,
Ки буд аз дидаи бегона баста,
Пас аз як ҷанги пуршиддат сипоҳе
Ба хеш овард як муддат паноҳе.
Агарчи буд рӯи беша зебо
Ба ҳангоми баҳори оламоро,
Вале чандин ҷароҳат дар бадан дошт,
Даруни сина доғи сӯхтан дошт.
Вай огоҳ аст, аз боди мухолиф,
Шуда аз даҳшати ин ҷанг воқиф.
Дилаш гардида субҳу шому бегоҳ
Ҳазорон тири сӯзонро гузаргоҳ.
Ба ҷои обҳои навбаҳорӣ
Дар он ҷӯҳои хун гардида ҷорӣ.
Таги ҳар як дарахти бешазорон
Фритсу Гансҳо хобида беҷон.
Чу нӯги найза ҳар шохе хамида
Ба сӯи синаи онҳо халида,
На аз паррандае монда нишоне,
На дар болои шохе ошёне.
Фақат медид кас хокистареро,
Ба ҳар ҷо сӯхта болу пареро.
Гумон кардӣ, ки мисли шери бадхашм,
Калон бикшода беша косаи чашм.
Гирифта сахт зери панҷаи тез
Тани мурдори садҳо гурги хунрез.
Ба сӯи бешаи манзилгаҳи шер
Равад гурге, ки аз ҷонаш бувад сер.
Дар он ҷо партизан медошт маскан,
Ки то гирад қасосашро зи душман.
Талаб мекард хун монанди шамшер,
Нафас чун оташею дар ғазаб шер.
Ба гирди беша омад мисли занҷир,
Силоҳи хасм бо сад гуна тадбир.
Умеде дошт он хасми ғазабнок,
Ки созад бешаро аз партизан пок.
Ба уммедаш валекин норасида
Зи теғи партизан шуд сарбурида.
Сипоҳи мо ҳуҷум оғоз карда,
Наҷоторанда байрақ боз карда,
Ба ғарб омад чу дарёи хурӯшон,
Ба мисли раъдҳои барқафшон.
Гурӯҳи партизан — халқи зиреҳпӯш
Сипоҳи Сурхро бинмуд оғӯш.
Чу хуни як бадан бо он даромехт —
Ту гуфтӣ ҷӯ ба дарёи калон рехт.
Ба дарё рехт, то ки сел гардад,
Ба қудрат сел оҳанхел гардад.
Даруни беша то фурсат расидан,
Ба рӯи субҳ то нуре дамидан,
Саворони гвардейтсӣ шаберо
Ба сар бурданд назди партизанҳо.
Сухан то рӯз гуфтанду нахуфтанд,
Ҳар он чӣ гуфтанӣ буд — хуб гуфтанд.
Сухан гуфтанд аз ғолиб ва мағлуб,
Сухан аз ишқи бемонанди маҳбуб.
Ҷавоне з-он миён лабро кушода,
Суханро чида обу тоб дода . . .
<<<
Барои пурра дастрас намудани достон аз фаровир истифода баред.
Писари Ватан
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Ҷони ширин
|
|